Азсаргирии судури раводиди Эрон барои шаҳрвандони Афғонистон

© Sputnik / Антон Быстров / Гузаштан ба хазинаи аксФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Мақомоти Эрон эълон кардаанд, раванди судури раводид ба шаҳрвандони Афғонистон барои сафар ба Эрон оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Сайд Расули Мусавӣ, мудири кулли ғарби Осиёи Вазорати хориҷаи Эрон бо интишори видеое аз сафи мутақозиёни раводиди Эрон дар консулгарии Эрон дар Ҳирот навишт, ахиран барои 1509 нафар раводиди вуруд ба Эрон фақат дар Ҳирот содир шудааст, иттилоъ додааст ИРНА.
Дар ҳамин ҳол дастёри вазири хориҷаи Эрон эълон кардааст, ки раванди осонсозии вуруди қонунии шаҳрвандон ба Эрон беҳтарин роҳи мубориза бо вуруди ғайриқонунии қочоқи инсон ва бисёре аз рафторҳои ҳанҷоршиканона аст.
Бояд қайд кард, ки афғонистониҳо дар ҳоли ҳозир болотарин ҷамъияти паноҳандагон ва паноҳҷуён, ҳудуди 3 миллион нафар дар саросари ҷаҳонро доро мебошанд.
Представители политического совета движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар
Қаблан сафири пешини Афғонистон дар Теҳрон бо қадрдонӣ аз миллат ва масъулони Эрон таъкид карда буд, ки мардуми Афғонистон ҳамвора мардуми Эронро ҳомии худ медонанд ва ин кишвар хонаи дувуми мардуми ин кишвар аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Эрон бо ҳукумати ҷадиди Афғонистон дар ҳоли барқарории равобит аст. Ахиран Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷии Эрон дар Кобул бо намояндагони ҳукумати толибон дидору гуфтугӯ кард ва дар ин дидор масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, муҳоҷират ва рушди ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Дар баёнияи толибон омадааст, "афғонистониҳо ва давлати ҷадиди Афғонистон равобит хубе бо Эрон доранд ва талош мекунанд, то ин равобитро беҳбуд бахшанд. Мо гурӯҳҳои фаннӣ ташкил додаем, ба баррасии мавзуоте, ки дар назар гирифтаем, идома хоҳем дод ва умедворем, ин гурӯҳҳо бештар тақвият шаванд".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала