Дар Русия наврасон ваксинаи “Спутник М” мегиранд

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Дар Русия ваксинаи наве бар зидди коронавирус - "Спутник М” барои наврасон сабти ном шуд
ДУШАНБЕ, 24 ноя – Sputnik. Денис Логунов, муовини раиси Маркази эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалея хабар дод, ки дар Русия истифодаи ваксина бар зидди COVID-19 барои наврасони синни 12-17-сола иҷозат дода шуд.

"Имрӯз барои истифодаи “Спутник” дар миёни кӯдакон иҷозат дода шуд. Ваксина сабти ном шуд", - гуфт оқои Логунов зимни нишасти матбуотӣ.

Дар миёнаҳои моҳи октябр директори Маркази Гамалея Александр Гинсбург ба РИА "Новости" гуфта буд, ки ваксинаи коронавирус барои кӯдакон метавонад “Спутник M” ном бигирад. Ҳарфи “м” дар ин ваксина маънои "хурдсолон"-ро дорад.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Мурашко гуфт, монеаҳо барои эътирофи "Спутник V" аз ҷониби СҶБ бартараф шуданд
Ба гуфтаи ёвари вазири беҳдошт Алексей Кузнетсов, наврасон ба таври ихтиёрӣ ва танҳо бо ризоияти волидайн ё намояндагони қонунии онҳо ваксина хоҳанд гирифт.
Ваксина ба унвони роҳи боэътимодтарини муҳофизат аз COVID-19 боқӣ мемонад. Ба гуфтаи Михаил Мурашко, вазири беҳдошти Русия, аксарияти беморон дар бемористонҳо ваксина нашудаанд. Дар охири моҳи сентябр Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт даргузашти гирифторони короновирусро ба сарпечии шаҳрвандон аз ваксинагирӣ пайванд дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала