Путин ба табиби тоҷик барои корнамоӣ алайҳи COVID-19 дар Русия орден дод

© facebook/Najib IslombekovАбдуллоева Сурайё Мамадшоевна, духтури тоҷик, ки дар Русия фаъолият дорад
Абдуллоева Сурайё Мамадшоевна, духтури тоҷик, ки дар Русия фаъолият дорад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Владимир Путин табиби тоҷикро, ки дар Русия кор мекунад, барои корнамоиҳояш дар мубориза бо коронавирус бо орден қадрдонӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Абдуллоева Сурайё Мамадшоевна, пизишки собиқадори тоҷик, ки дар Русия фаъолият мекунад, бо фармони Владимир Путин бо ордени Пирогов қадрдонӣ шуд.
Орден ба Сурайё Абдуллоева барои хизматҳояш дар мубориза бо коронавирус тақдим гардида, дар маҷмуъ ин мукофоти давлатиро ҳудуди 60 корманди соҳаи тиб сазовор шудаанд, хабар додаанд расонаҳои Маскав.
Медицинские сотрудники перевозят тела в рефрижераторный грузовик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сироятшинос замони коҳиши маргумири инсон аз коронавирусро гуфт
Абдуллоева, табиби кӯдакон хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, феълан дар беморхонаи марказии ноҳияи Шатури вилояти Маскав фаъолият мекунад. Ӯ ҳудуди 35 сол собиқаи корӣ дорад.
Ордени Пирогов ҷоизаи давлатии Русия мебошад, ки бо фармони раисҷумҳури ин кишвар аз 19 июни соли 2020 таъсис дода шуда, ба исми олиму ҷарроҳи рус Николай Иванович Пирогов номгузорӣ шудааст. Ин ҷоиза барои корнамоиҳо дар зимни ироаи кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, эпидемия, амалиёти ҷангӣ ва дигар ҳолатҳои хатарнок ба табибони Русия тақдим мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала