Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Голикова аз афзоиши эпидемияи нав дар Русия ҳушдор дод

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель председателя правительства РФ Татьяна Голикова
Заместитель председателя правительства РФ Татьяна Голикова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Голикова ҳушдор дод, ки Русия ба мисли дигар давлатҳо аз афзоиши эпидемияи нав канор монда наметавонад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар Русия афзоиши эпидемияи нав ба амал меояд, зеро дигар давлатҳо ҳам аз он "гурехта" натавонистанд, изҳор дошт Татяна Голикова, муовини сарвазири Русия.
Ба таъкиди ӯ, риояи тамоми чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус шарт ва зарур аст.

"Вақт хеле зуд мегузарад. Мо дар остонаи Соли Нав қарор дорем ва барои пешгирӣ аз афзоиши нави беморӣ, бояд чораҳои маҳдудкунандаеро, ки якҷоя таҳия кардаем, риоя кунем", - талаб намудааст муовини сарвазир.

Ӯ зикр кард, коҳиши мизони беморӣ ба таври қобили мулоҳиза зарур аст.
Ба бовари Голикова, барои сипарӣ кардани эпидемияи нав бояд масунияти оммавии ҳарчи бештар вуҷуд бошад. Муовини сарвазир таъкид кард, ки Русия аз эпидемияи нав роҳи гурез надорад, зеро дигар давлатҳо ҳам ба гирдоби он афтоданд.
Медицинский работник измеряет уровень кислорода в крови пациенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум гардид, кай коронавирус дар Русия ба баландтарин ҳад мерасад
"Мутаассифона, дигар кишварҳо аз он халос нашудаанд. Аз ин рӯ муҳим аст, ки ҳамаи мо чораҳои мавҷударо риоя кунем", - илова намуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки омори коронавирус дар Русия ба фарқ аз чанд ҳафтаи қаблӣ ба маротиб беҳтар шудааст. Ҳоло ҳамарӯза беш аз 30 ҳазор ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт мегардад. Илова бар ин маргумир аз ин дард ҳамоно коҳиш наёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала