Ҳукумати Маҷористон барои муҳассилини тоҷик бурсия медиҳад

© AFP 2021Школьный урок
Школьный урок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Ҳукумати Маҷористон барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 бурсияҳои таҳсил ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Маҷористон бурсияҳои таҳсилро барои зинаҳои бакалавриат, магистратура, PhD ва инчунин курсҳои омӯзишии яксола ҷудо намудааст, хабар додааст Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм.
Ба иттилои манбаъ, таҳсил дар донишгоҳҳои Маҷористон бо забонҳои маҷорӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
"Донишҷӯёне, ки таҳсилро бо забони венгерӣ ба роҳ мемонанд, соли аввал курси омӯзиши забони венгериро гузашта, аз соли дуюм аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон таҳсил менамоянд", - тавзеҳ дод Эҳсони Хушбахт.
Дар мавриди таҳсил бо забони англисӣ зикр шудааст, довталабоне, ки ҳангоми бақайдгирӣ сертификати забони англисӣ надоранд, зарур аст, ки дар маълумотномаи иловагӣ тасдиқ намоянд, ки то санаи 1 августи соли 2022 сертификати худро дастрас ва пешниҳод менамоянд.
"Дар сурати пешниҳод нагардидани маълумотномаи мазкур ва инчунин то санаи 1 апрели соли 2022 пешниҳод нагардидани сертификати забони англисӣ бурсияи онҳо бекор карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Мулоқоти Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо мақомдорони Бонки ҷаҳонӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Вазир аз Бонки Ҷаҳонӣ дар мактабсозӣ кумак хост: ҳар сол 250 ҳазор талабаи нав
Ҷониби Маҷористон барои афроде, ки соҳиби бурсия мешаванд, таҳсилу хобгоҳи ройгонро таъмин мекунаду бимаи тиббӣ ироа менамояд.
Инчунин стипендияи моҳона барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавр ва магистратура 120 евро, барои донишҷӯёни зинаи PhD 415 евро дар ду соли аввал ва 530 евро дар ду соли охир пардохт мешавад.
Вазорати маорифи Тоҷикистон афзуд, ки довталабон бояд санадҳои худро то 15 январи соли 2022 аз тариқи онлайнӣ пешниҳод намоянд. Барои маълумоти бештар рақамҳои Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, +992 (37) 2213033 ва +992985085007 пешниҳод шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала