"Ифтихору садоқатро аз кӯдакӣ тарбия кунем": паёми Раҳмон ба мардум дар Рӯзи парчам

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевФлаги Таджикистана
Флаги Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як паём мардуми кишварро бо Рӯзи парчами давлатӣ, ки аз соли 2009 ба ин сӯ дар 24 ноябр таҷлил мегардад, шодбош гуфтааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба мардуми Тоҷикистон таъкид намуд, ки вазифадорем, парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.
Раисҷумҳур зикр намуд, ки парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардид, қабул шуд.
Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Дастури Озода Раҳмон барои таҷлили арзандаи Рӯзи парчам дар ВМКБ
Ӯ таъкид кард, ки ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқ барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.

"Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст", - омадааст дар паёми раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар зарур хондааст, ки ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқатро ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бояд дар зеҳну шуури фарзандонамон аз кӯдакӣ ҷо кард.
Раисҷумҳур дар Рӯзи парчами давлатӣ, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мешавад, ба ҳар як хонадони кишвар тандурустиву сарбаландӣ, бахту саодат ва файзу баракат орзу намудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала