Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Маълум гардид, кай коронавирус дар Русия ба баландтарин ҳад мерасад

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинский работник измеряет уровень кислорода в крови пациенту
Медицинский работник измеряет уровень кислорода в крови пациенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Алгоритми афзоиши беморӣ вазъи коронавирусро на танҳо дар Русия, балки дар хориҷи кишвар низ дарбар мегирад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Сколково кори шабакаҳои нейронро барои ҳисоб кардани рушди эҳтимолии вазъ бо COVID-19 озмоиш кард.
Гуфта мешавад, авҷи коронавирус, тибқи маълумоти пешакӣ, ба рӯзи 22-юми декабр рост меояд ва пас аз он шумораи ҳаррӯзаи беморон коҳиш меёбад.
Эҳтимолияти ҳисоб кардани авҷи гирифторӣ ба COVID-19 93 фисад буд. Коршиносон тавзеҳ доданд, ки маълумот метавонад тағйир ёбад ва авҷи беморӣ барвақттар ба амал ояд.
Эмблема Всемирной организации здравоохранения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ аз фавти ду миллион нафар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳушдор дод
Олег Кивокуртсев, мудири созмони "Промобот" ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки дар таҳқиқот таҳиягарон аз таснифоти бисёрсинфӣ дар асоси омезиши шабакаҳои нейронии гуногун истифода карданд.
Коршинос инчунин гуфт, ки алгоритмҳо чӣ гуна танзим карда шудаанд. Маълумоти асосӣ барои шабакаҳои нейронӣ омор дар бораи афзоиш ва коҳиши мизони сирояти коронавирус дар Русия ва дигар кишварҳо, инчунин сатҳи эмкунӣ буд.
Тибқи маълумоти СҶБ , аз оғози пандемия то 23 ноябр дар ҷаҳон 257 469 528 ҳолати мубтало ба коронавирус ва 5 158 211 фавт ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди мубталоён дар як рӯз ба 436 031 нафар афзуда ва 6 433 нафар фавтидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала