Мирзонабот аз Курӯшу Кова ёдовар шуду таърихи пайдоиши парчамро нақл кард

© Хадамоти матбуотии раиси ВМКБАлишер Мирзонаботов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ
Алишер Мирзонаботов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ парчамро нишони ҷоннисориҳои халқи тоҷик унвон кард
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ бо ширкати иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба муносибати Рӯзи парчами миллӣ ҳамоиши тантанавие баргузор шуд.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, дар он мақомдорони дастгоҳи раиси вилоят ва кормандони ҳукумати ВМКБ ширкат карданд.
Мирзонаботов дар оғози суханрониаш парчами миллиро нишоне аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик хонд.
Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Дастури Озода Раҳмон барои таҷлили арзандаи Рӯзи парчам дар ВМКБ
Ба гуфтаи сиёсатмадор, тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд.
"Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд", - гуфт Мирзонаботов.
Сиёсатмадор аз ливои Курӯши Кабир, ки тасвири уқобро таҷассум мекард, ёдовар шуда, қайд кард, он нишонаи қудрату тавоноист ва он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт.

"Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани мероси муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо​ дар​ ​роҳи​ ҳифзи​ ​Ватану​ халқи худ мебошад. Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост", - гуфт Мирзонабот.

Ӯ изҳори боварӣ кард, ки парчами давлатӣ ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он​ дар роҳи ободии диёрамон ба дастовардҳое​ ноил хоҳем гашт.
Рамазон Раҳимзода дар вохӯрӣ бо ҷавонон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Раҳимзода хостори пешгирӣ аз вуруди ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ шуд
Дар чорабинӣ инчунин ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Юсуфзода Гузорхон, директори мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ Қонунзода Шодигул, доктори илмҳои филологӣ Абдулназаров Абдулназар ва собиқадори меҳнат Маҳтобшоҳзода Арамбегим Бозор дар мавзӯи таърих ва моҳияти парчами миллӣ суханронӣ намуданд.
Парчами давлатии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул шуда, дар ҷумҳурӣ аз соли 2009 ба ин сӯ ҳар 24 ноябр чун Рӯзи парчам таҷлил мегардад. Парчами давлатии Тоҷикистон соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе, дар пояи ҳудуди 165-метрӣ насб гардидааст, ки яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон буда, ба китоби Гиннес низ ворид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала