Пулро гирифту хонаро надод: Таҳқиқи ҳолати қаллобӣ дар Душанбе

© SputnikСтроительство нового дома в Душанбе
Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Обуна шудан
Марде аз харидори хона дар шаҳри Душанбе пул гирифта, манзили ваъдагиро надодааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Марди 55-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ аз қаллобии марди 44-сола, сокини шаҳри Ҳисор шикоят кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки нафари муттаҳам аз ӯ 206 ҳазор сомонӣ пул гирифта, манзили дуҳуҷрагӣ ваъда кардааст.
Таъкид шудааст, ки мизоҷ пулро ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 дар назди бинои Сирки давлатӣ ба марди муттаҳам додааст. Ӯ баъди гирифтани пул ваъда додааст, ки ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз бинои навбунёди назди Сирки давлатӣ манзил медиҳад, аммо то ҳол ба ваъдааш вафо накардааст.
Авторынок в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
"Фиреб дар мошинбозор": ба маблағи ним миллион сомонӣ худрав гирифта пулро надод
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, фиреби ниёзмандони хона дар Тоҷикистон яке аз ҳолатҳои нисбатан маъмул мебошад.
Қаблан бо иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ ва фиреби харидорон чандин роҳбари ширкатҳои сохтмонӣ, аз ҷумла ширкати давлатии "Манзили дастрас" ҳабс ва ба солҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардида буданд.
Лентаи хабарҳо
0