Пешниҳоди Путин ба Дума: Низоми ягонаи падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон таъсис меёбад

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В.Путин встретился с заместителем директора Центра имени Н. Ф. Гамалеи Д. Логуновым
Президент РФ В.Путин встретился с заместителем директора Центра имени Н. Ф. Гамалеи Д. Логуновым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Қаблан ин санад аз ҷониби Девони Вазирони Русия тасдиқ шуда буд
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин созишнома дар бораи таъсиси системаи воҳиди дифои ҳавоии Русия ва Тоҷикистонро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.
Матни ин санад дар вебсайти пойгоҳи электронии Думаи давлатии Русия нашр шудааст.

"Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳалли мушкилоти воҳиди падофандӣ дар минтақа ҷонибҳо системаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоии минтақавиро таъсис медиҳанд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи ягонаи мудофиаи зидди ҳавоии кишварҳои узви ИДМ мебошад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон барои панҷ сол имзо шуда, дар оянда он ба таври худкор барои панҷ соли минбаъда тамдид мешавад.
Гуфта мешавад, Владимир Путин аллакай Николай Панковро раҳбари таъсиси системаи ягонаи дифои ҳавоии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон таъйин кардааст.
Зенитно-ракетный комплекс С-300ПС, переданный от РФ Казахстану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Русия низоми ягонаи муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистонро тасдиқ кард
Ёдовар мешавем, моҳи май Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дастур дода буд, ки бо Тоҷикистон дар бораи таъсиси системаи ягонаи дифои ҳавоии минтақаӣ созишнома имзо кунад.
Лоиҳаро идораҳои дахлдори Тоҷикистон қаблан тасдиқ карда буданд.
Ба гуфтаи вазири дифои Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо, низоми воҳид намунаи рӯшани ҳамкориҳои ҳамоҳангшуда мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала