Шаш Қазоқистон дар Нурсултон: дар Қазоқистон 24 нафар номи давлатро дорад

© © Sputnik / Владислав ВодневНур-Султан, архивное фото
Нур-Султан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Қазоқистониён фарзандони худро ба шарафи шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ: Нурсултон, Алмаато, Туркистон, Шимкент, Актобе ва Талдиқурғон ном мемонанд
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Дар Қазоқистон 24 нафар бо номи Қазоқистон ба сар мебарад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо истинод ба "Ranking.kz".
Гуфта мешавад, бештари афроди дорои ин ном дар вилояти Оқмола ва Нурсултон ба сар мебаранд - шаш нафарӣ дар ҳар вилоят.
Чор Қазокистон дар вилояти Караганда, се нафари дигар бо ҳамин ном дар вилояти Қустанай, дар Шимкент ду нафар, дар Алмаато ва Манғистау якнафарӣ сабти ном шудаанд.
Илова бар ин қазоқистониён фарзандони худро ба шарафи шаҳрҳои калонтарини кишвар ном мемонанд.
Новорожденный, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2020
Дар Русия навзодеро ба хотири коронавирус Ковид номгузорӣ кардаанд
Масалан, дар Қазоқистон номи 28 нафар Семей, 21 нафар Алмаато, 18 нафар Туркистон аст. Илова бар ин 15 нафар Атирау, 14 нафар Тараз, 12 нафар Қустанай, 11 нафар Актау ном дорад.
Дар баробари ин дар ин кишвар 10 Нурсултон, се Шимкент ва яктоӣ Актобу Талдиқурғон ба сар мебаранд.
То 1 октябри соли 2021 шумораи аҳолии Қазоқистон ба 19,1 миллион нафар расида буд. Ин нисбат ба соли 2020 300 ҳазор нафар (1,3 фоиз) зиёд аст.
Қисми зиёди аҳолӣ дар вилоятҳои Алмаато ва Туркистон, дар ҳар кадоме 2,1-миллионнафарӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ 539,4 ҳазор нафар сокин сабти ном шудааст, ки камтарин ҷамъият нисбат ба дигар вилоятҳои ин кишварро дорост.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала