Сабти ваксинаи зидди коронавирус барои кӯдакон дар Русия

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинский работник делает прививку от коронавируса
Медицинский работник делает прививку от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Вазорати тандурустии Русия аз сабти ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакҳо хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Русия ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакони аз 12 то 17-соларо рӯзи чоршанбеи 24 ноябр ба қайд мегирад, изҳор дошт ноиби сарвазир, Татяна Голикова.
"Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ваксина сабт мешавад. "Гам-КОВИД-Вак-М"-и Маркази Гамалея барои кӯдакони аз 12 то 17-сола пешбинӣ гардидааст", - таъкид намуд Голикова дар ҷаласа бо ҳузури раисҷумҳури Русия Владимир Путин.
Ноиби сарвазир тавзеҳ дод, ки ваксина бо розигии волидон ё худи ноболиғ, агар аз 15 сол бештар дошта бошад, гузаронда мешавад.
Эмблема Всемирной организации здравоохранения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ аз фавти ду миллион нафар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳушдор дод
Ин дар ҳолест, ки мутахассисон мегӯянд, ҷараёни беморӣ дар кӯдакон вазнин мегузарад. Барои пешгирии мушкилот,табибон тавсия медиҳанд, ки кӯдакон ваксина гиранд, аз ҷумла ваксинаи зидди зуком, ки баданро ба дигар бемориҳо тобовартар мекунад.
Ахиран аз қавли муовини сардухтури беморхонаи кӯдаконаи вилояти Қӯрғон Светлана Ларионова хабар дода шуд, ки аломатҳои нави коронавирус дар кӯдакон аз алоими қаблӣ фарқ мекунанд.

"Синдроми илтиҳоби бисёрнизома пайдо шудааст, ки қаблан вуҷуд надошт. Ин пайдошавии доғ дар заминаи табларзаи баланд аст. Ин ба гастроэнтерит шабоҳат дорад", - гуфтаст Ларионова.

Дар феҳрасти аломатҳои гирифторӣ, аз ҷумла доғҳо, дарди буғумҳо, илтиҳоби луобпардаҳо, дарди шикам, сулфа, ҳарорати баланд зикр шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала