Самарқанд бузург мешавад

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешАрхитектурный комплекс "Регистан" в Самарканде, архивное фото
Архитектурный комплекс Регистан в Самарканде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Дар шаҳри Самарқанд ноҳияҳои нав пайдо мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон ният доранд, ки Самарқандро васеъ ва ба панҷ ноҳия тақсим кунанд. Дар ин бора дар нишасти навбатии вакилони шаҳр маълум шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Харитаи нави Самарқанд дар шабакаи сайёҳии маҳаллии "Samturinfo" нашр шудааст.

Самарқанд ба кадом навоҳӣ тақсим мешавад?

ноҳияи Қорасув — 33 маҳалла (аҳолиаш 134,7 ҳазор нафар);
ноҳияи Сиоб - 100 маҳалла (аҳолӣ 301,3 ҳазор нафар);
ноҳияи Суғд – 54 маҳалла (аҳолӣ 84,9 ҳазор нафар);
ноҳияи Боғишамол – 55 маҳалла (аҳолӣ 170,5 нафар);
ноҳияи Мароканд — 51 маҳалла (аҳолиаш 226,6 ҳазор нафар).
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз тарҳе сухан гуфт, ки васеъ кардани замини Самарқанд аз ҳисоби ноҳияҳои Самарқанд, Пастдарғом, Тойлоқ ва Оқдарёро дар бар мегирифт.
Строительство спецморнефтепорта в бухте Козьмино - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Баррасии бунёди роҳи оҳани Панҷакент-Самарқанд миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Суғд
Дар маҷмуъ бояд шаҳри Самарқанд 18 ҳазор гектар васеъ карда шавад.
Ин тадбир Самаркандро ба шаҳри калони дорои 1 миллион аҳолӣ табдил медиҳад.
Тоҷикистон дар Самарқанду Бухоро филм ба навор мегирад
Маркази вилояти Самарканд ба Гулобод кӯчонида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала