Тими наврасони тоҷик барандаи медали нуқраи CAFA-2021 шуд

© ФФТ РТЮношеская сборная Таджикистана
Юношеская сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Тими наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-CAFA миёни наврасони то 15-сола ҷои дуюмро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Эрон ғолиби чемпионати CAFA-2021 миёни наврасони то 15-сола шуд, ки аз 17 то 23 ноябр дар Душанбе баргузор шуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар даври сеюми чемпионат тими Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббӣ Зайниддин Раҳимов бо дастаи Ӯзбекистон вориди майдон шуд ва бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Масрур Ғафуров дар дақиқаи 58-ум ба ҳадаф расонд.
Кумитаи миллӣ тавзеҳ дод, ки дар бозии дигар тими наврасони Эрон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 8:0 ғолиб шуд.
Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Сабқати наврасони Тоҷикистону Эрон мусовӣ анҷомид: бозии навбатӣ бо Ӯзбекистон
Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 15-сола, тибқи системаи даврӣ, дар як давр баргузор шуда, дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб эълон мегардад.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи имсола ду тим - Тоҷикистону Эрон холҳои баробар ба даст овард.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо таъйиди он ки дастаҳои Эрон ва Тоҷикистон 7-холӣ ба даст оварданд, тавзеҳ доданд, ки аз рӯи таносуби тӯбҳо Эрон ҷои якум ва Тоҷикистон ҷои дуюмро сазовор шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала