Дар Тоҷикистон барф меборад

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Ҳавои Тоҷикистон абрнок буда, боридани борону барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Дар ВМКБ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст.
Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар ғарби ин вилоят шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона то 12-17 дараҷа ҳаво сард шуда, рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро тағйирёбанда арзёбӣ намуда, бориши барфу борон дар ноҳияҳои кӯҳиро пешгӯӣ кардааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Барфи аввали фасонавӣ дар Душанбе - гузориши тасвирӣ
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала