БАОР сабабҳои болоравии нарх дар Тоҷикистонро гуфт

CC BY-SA 2.0 / Thirteen Of Clubs / Franklin Covey Task List WalletПустой кошелек, архивное фото
Пустой кошелек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Ба арзиши аксари колоҳо дар Тоҷикистон омилҳои берунӣ ва хадамоти ҳамлу нақл таъсир расонидаанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тибқи гузориши Бонки Авруосиёии Рушд, мизони болои таваррум дар Тоҷикистон ҳамчунон боқӣ мондааст, аммо коҳиши тадриҷии он дар назар аст.
Дар охири моҳи сентябри соли 2021 сатҳи таваррум 9,6% буд. Дар муқоиса бо соли 2020 болоравии нархҳо густардатар шуд.
На одной из автозаправочных станций  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
“Нархҳои ғайрисобит”: чаро қимати сӯзишворӣ боло рафту боз меравад?
Аммо ба гузориши БАОР, аз афзоиши шадиди қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон ба далели афзоиши тавлидоти кишоварзӣ ҷилавгирӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол нархи бисёре аз молу хидматрасониҳои дигар боло рафтааст. Сабабҳои аслии ин афзоиши қимати сӯзишворӣ дар бозорҳои хориҷӣ ва коҳиши интиқоли гази моеъ аз кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон унвон мешавад.
Бино ба маълумоти БАОР, аз аввали соли 2021 ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон 80% гарон шудааст.
Мука, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон боз гарон шуд
Аз нав барқарор шудани интиқоли гази моеъ ба шарофати шартномаҳои нав барои муътадил шудани нархи он ва дигар намудҳои сӯзишворӣ дар кишвар ва дар натиҷа коҳиши сатҳи таваррум дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 замина фароҳам мешавад.
Бонки Авруосиёии Рушд интизор дорад, ки мизони таваррум дар Тоҷикистон дар солҳои оянда то 6% коҳиш меёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала