Бебориш, вале тормеғ мефарояд: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳавосанҷон фаромадани тормеғро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст. Дар қисмати шарқӣ шабона 12-17 дараҷа ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро тағйирёбанда арзёбӣ намуда, фаромадани тормеғро пешгӯӣ мекунад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Барфи аввали фасонавӣ дар Душанбе - гузориши тасвирӣ
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳам ҳаво тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Рӯзона 12-17 ва шабона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала