Бераҳмии падару писар келинро ба худкушӣ расонд: беистироҳат кор мефармуданд

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Муносибати бераҳмонаи ҳамсар ва падаршавҳар келини хонадонро ба худкушӣ расондааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон падару писарро барои ба марг расонидани келини хонадон зиндонӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, М.Ш. Саидкулиев, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов, деҳаи Қаҳрамон моҳи феврали соли 2019 аз тариқи расму оини мусалмонӣ бо шаҳрванд Нурсултан Рузимурадовна Джумаева, сокини ҳамин ноҳия оиладор шудааст.
Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Аввал кушту баъд ба дор овехт: мард дар пайи рашк ҳамсарашро буғӣ кард
М. Ш. Саидкулиев давоми зиндагонии якҷояашон Джумаева Н. Р.-ро мунтазам таҳдид намуда, муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибори шахсии номбурдаро раво дида, суханони қабеҳу дашному ҳақораташ гуфта, беасос ӯро мавриди латукӯб қарор медодааст, афзуд манбаъ.
Ба иттилои додситонӣ, бар замми ин падари М. Ш. Саидкулиев Ш. Я. Саидкулиев дар рӯзҳои гарму офтобӣ келинаш Н. Р. Джумаеваро ба корҳои саҳроӣ бидуни истироҳат ҷалб менамудааст.

"Дар натиҷаи ин муносибати мунтазами бераҳмонаи падар ва писар 3-маротиб ҳомиладории Джумаева Н.Р. қатъ гардидааст", - афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, келини хонадон ба ин кирдорҳои падару писар тоқат накарда, 8 майи соли 2021 бо мақсади худкушӣ намудан ба хонаи падараш рафта, дар набудани аҳли хонаводаашон дар равчӯби болои боми манзили истиқоматии волидайнаш худро бо руймоли сараш овехта, ба ҳалокат расонидааст.
Падару писар мутобиқи қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала