Дабири собиқи СПАД гуфт, аз марзи Афғонистон Тоҷикистонро чӣ таҳдид мекунад - видео

Дабири кулли собиқи СПАД дар бораи таҳдид аз хоки Афғонистон ва шеваҳои ҳалли он муфассал сухан гуфт
Арбоби давлатӣ ва низомии Русия, собиқ дабири кулли СПАД Николай Бордюжа дар мусоҳиба бо Армен Гаспарян гуфтааст, ки ӯ дар солҳои 90-ум маҳз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кор карда, дар ором кардани вазъи ноороми марзҳо бевосита ширкат доштааст.
"Мо дар он ҷо мардуми зиёдеро талаф додем, зеро дар даргириҳои низомӣ ширкат доштем. Ин як ибораи хушку холӣ нест. Мо медонем, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон чист", - гуфт Бордюжа.
ВКХ Тоҷикистон аз фаъолшавии террористҳо дар наздикии марз бо Афғонистон хабар дод
Вай афзуд, нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муддати тӯлонӣ мушоҳида мешавад: ин ба тиҷорати маводи мухаддир, гурӯҳҳои ҷиноӣ ва идеологӣ рабт дорад.
Генерал-полковник гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2,5 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ* ва тақрибан ҳазор нафар аз Ҷунбиши исломии Туркистон* дар қаламрави Афғонистон мустақаранд.

"Инҳо сохторҳое ҳастанд, ки ҳадафи тавсеаи мустақим, ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, тағйири низоми мавҷуд дар Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро доранд", - афзуд дабири кулли собиқи СПАД.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи коршинос, ин гурӯҳҳои террористӣ пас аз иваз шудани қудрат низ дар Афғонистон фаъолият мекунанд.
Бордюжа афзуд, дар ҳоли ҳозир фаъолияти СПАД ба иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо назардошти рахнашавии эҳтимолии марз муртабит мешавад.
Чӣ гуна СААД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшад
Самти дуюм кумаки ҳарбию техникӣ барои баланд бардоштани сатҳи ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад.
* - ташкилоти террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала