Ҷо Байден гирифтори саратон аст ва ҷарроҳӣ шуд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Обуна шудан
Кохи Cафед хабар дод, ки саломатии кишвардори Амрико Ҷо Байден пас аз ҷарроҳӣ хуб шудааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден, ки гирифтори саратон будааст, аллакай ҷарроҳӣ шудааст, хабар медиад РИА "Новости".
Пизишкон мегӯянд, саратони ӯ ҳарчанд хатарзо набуд, вале ба далели варамӣ онро ҷарроҳӣ намуда гирифтанд. Ба гуфтаи табиби Кохи Сафед О'Коннор, саратони Ҷо Байден аденомаи 3-миллиметрӣ буда, ҳоло дахолатҳои минбаъдаро талаб намекунад.
Ҷо Байден, ки 79 сол дорад, ҳафтаи гузашта аз муоинаи тиббӣ гузашт. Табибон ба хулосае омаданд, ки вазъи саломатияш ба ӯ имкон медиҳад, ки вазифаҳои роҳбари давлат ва сарфармондеҳи олии нерӯҳои низомиро иҷро кунад.
Ҳоло ба Байден "назорати муқаррарӣ" тавсия додаанд ва пас аз 7-10 сол бояд дубора аз колоноскапия гузарад.
Кандидат в президенты США Джо Байден и вице-президент Камалла Харрис - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Байден ваколатҳояшро ба Камала Харрис супурд
Зикр гардид, ки дар замони ҷарроҳӣ шудан ӯ тамоми масъулияти худро ба дӯши ноиби президент Камола Ҳарис вогузор намуда буд.
Тибқи қавонини Амрико, ноиби президент ҳақ дорад, дар сурати аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш набаромадани раисҷумҳур ба ҷойи ӯ ҳукумат кунад.
Байден 3 ноябри соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Раҳбари кунунии Амрико номзад аз Ҳизби демократии ИМА буд.
Рақиби аслии ӯ ҷумҳурихоҳ ва раисҷумҳур Доналд Трамп буд. Байден беш аз 81 миллион овоз гирифт.
Лентаи хабарҳо
0