Истеъмоли норангӣ: фоида ва зарар

CC0 / Pixabay / Мандарины
Мандарины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Соли Нав — иди "болаззат" наздик мешавад, ки онро бе хӯриши оливе ва албатта, норанҷӣ (мандарин) тасаввур кардан душвор аст. Дар бораи фоида ва зарари ин мева дар ин матлаби Sputnik мутолиа кунед
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ватани норангӣ Чин аст, ки аз он ҷо ин мева ба саросари ҷаҳон паҳн мешавад.
Дар Чин то имрӯз як анъанаи махсуси солинавӣ вуҷуд дорад: меҳмонон ба соҳибони хона ду норангӣ медиҳанд ва ҳангоми рафтан онҳо ду меваро ҳамчун туҳфа ба хотири шукуфоӣ ва сарват мегиранд.
Дар Русия ва ИДМ Соли Навро бе норангӣ тасаввур кардан душвор аст. Истеъмоли меваҳои ситрусӣ ба бадани мо чӣ таъсире дорад?

Фоидаи норангӣ

Норангӣ аз кислотаҳои фоиданок, витаминҳо ва минералҳо бой мебошад.
Онҳо инчунин антисептикҳои табиӣ ҳастанд. Дар фасли зимистон ситрусҳо норасоии витаминҳоро пур мекунанд ва бо ёрии кислотаи аскорбин низоми масуниятро мустаҳкам мекунанд.
Мандарин чун дигар ситрусҳо дар мубориза бар зидди шамолхӯрӣ ёвари ивазнашаванда аст: чой аз пӯсти он балғамро ба осонӣ моеъ ва сулфаро дафъ мекунад. Ин мева дар паст кардани ҳарорати бадан низ муассир аст.
Мандарины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Хатари маргбор: ба киҳо хӯрдани мандарин мумкин нест?
Рӯғани мандарин бо таъсири оромкунандаи худ машҳур аст - стрессро рафъ мекунад, хоб ва табъи инсонро беҳтар менамояд.
Сарфи назар аз ширинии худ мандаринҳо ба кам шудани вазн мусоидат мекунанд ва калорияҳои паст доранд.

Зарари норангӣ

Чун дигар меваҳои ситрусӣ мандарин метавонад аллергияро ба вуҷуд орад, аз ин рӯ истеъмоли барзиёди он тавсия дода намешавад.
Ҳамчунин додани норангӣ ба кӯдакони то сесола тавсия дода намешавад ва заноне, ки тифли ширхор доранд, бояд ин меваро бо эҳтиёт истеъмол кунанд, то дар кӯдак аксуламал ба вуҷуд наояд.
Кислотаи аскорбин, ки дар таркиби мева мавҷуд аст, метавонад кори меъдаро халалдор кунад, аз ин рӯ онҳое, ки аз захм, кислотаи баланд ва гастрит азият мекашанд, бояд аз истеъмоли норангӣ даст кашанд.
Черный чай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Олимон хатари асосии чойро муайян карданд
Инчунин ҳар касе, ки гирифтори гепатит, холестистит ва нефрит аст, бояд дар бораи ин мева фикр ҳам накунад: он метавонад ба ҷигаратон зарар расонад.
Мандаринҳои ширин иштиҳо меоранд, бинобар ин шумо набояд онро барои парҳез истеъмол кунед.
Беҳтар аст, ки мандаринро на вақти холӣ будани меъда, балки пас аз истеъмоли хӯрок нӯши ҷон кунед.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала