Қаллобӣ дар Душанбе: сокини пойтахт пули хона доду соҳиби манзил нашуд

© Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Сокини 30-солаи Душанбе барои соҳиби манзили зист шудан ҳанӯз як сол қабл 41 ҳазор доллар дод, вале ҳамоно соҳиби хона нашудааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия аз як ҳодиса қаллобӣ дар пойтахт хабар медиҳанд. Ба иттилои дафтари матбуотии ВУД, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Ба таъкиди ӯ, ҳанӯз моҳи феврали соли 2020 дар назди бинои истиқоматиаш марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 41 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.

"Маслиҳати онҳо чунин буд, ки бар ивази ин маблағ аз кӯчаи И. Сомонӣ як манзили истиқоматиро ба номи корафтода ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, бо гузашти қариб як сол сокини пойтахт на соҳиби хона шудаву на маблағи додаашро бозпас гирифтааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин як ҳодисаи нави қаллобӣ дар шаҳри Конибодом сурат гирифтааст, ки дар натиҷа сокини 36-солаи ин шаҳр аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудааст.
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Оҷонсӣ капитани ВКД-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кард
Номбурда моҳи августи соли равон аз ҳамдеҳаи 60-солаи худ автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира"-ро 41 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, нася гирифтааст.
"Аввалҳои моҳи сентябр мошини мазкурро ба марди 26-солаи сокини ҳамин шаҳр ба маблағи 35 500 сомонӣ фурӯхтаааст, вале маблағи гирифтаро танҳо ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, ба соҳиби мошин пулро барнагардондааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала