Тоҷикистон аз Қазоқистон кумаки низомӣ мегирад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащий коллективных сил Организации договора о коллективной безопасности (ОДКБ) у танка Т-72
Военнослужащий коллективных сил Организации договора о коллективной безопасности (ОДКБ) у танка Т-72 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Тоҷикистон аз Қазоқистон ба сифати кумак муҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти вижа хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Вакилони палатаи болоии порлумони Қазоқистон лоиҳаи Қонун дар бораи тасвиби ду созишномаи байни ҳукуматҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи расонидани кумаки ҳарбию техникӣ ба ҷониби Тоҷикистонро имзо карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳанӯз 17 апрели соли равон дар Нурсултон созишнома дар бораи кумаки бебозгашти ҳарбию техникӣ ба имзо расида буд.
Фасад здания министерства обороны Казахстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Кумаки низомӣ ба Тоҷикистон ба баҳс бо Қирғизистон рабте надорад: шарҳи Қазоқистон
Қаблан роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дар мулоқоти соли 2020 ба мувофиқа расида буданд.

"Дар созишнома омода буд, ки Тоҷикистон муҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти вижаро дастрас мекунад, вале набояд онҳоро дар ихтиёри кишвари сеюм қарор диҳад", - изҳор дошт Руслан Шпекбаев муовини вазири мудофиаи ин кишвар зимни муаррифии лоиҳаи қонун.

Ба гуфтаи вай, интиқоли техникаи низомӣ ба Тоҷикистон ба вазъи омодагии ҷангӣ ва тавоноии дифоии Қазоқистон таъсире нахоҳад гузошт.
Ба гуфтаи Шпекбоев, ироаи чунин кумак дар робита ба вазъи кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин ба далели афзоиши чолишу таҳдидҳо ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ зарур аст.
Кӯмаки ҷониби Қазоқистон қудрати ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро афзоиш медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала