Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Раҳмон мудирони се телевизионро таъйин кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОборудование внутри фургона новой передвижной телевизионной студии в Душанбе
Оборудование внутри фургона новой передвижной телевизионной студии в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Дар телевизионҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон мудирони нави се телевизион таъйин ва муаррифӣ шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардорӣ.
Ҳамин тавр, тибқи қарори раисҷумҳур, Амирзода Дилафрӯз Субҳон мудири Муассисаи давлатии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" таъйин шуд.
Зимнан Маҳмудӣ Ҳамза Наврӯз мудири Муассисаи давлатии "Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон" ва Бахтовари Сайфуллоҳ мудири Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" таъйин гардиданд.
Кишвардор бо масъулини нав дидору мулоқот карда, аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ ёдовар шуду масъулинро ба хидмати пок даъват кард.
Папка с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Президент мақомоти Кумитаи меъмориро ҷо ба ҷо кард
Президент ҳамчунин таъкид намуд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд.

"Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хидмат намоед" - гуфт Раҳмон дар анҷоми мулоқот.

Ӯ дар зимни мулоқот ба роҳбарону масъулини сохторҳои мазкур эшонро дар робита ба бозомӯзии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро медонанд, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала