Гордҳои миллии Ӯзбекистону Тоҷикистон кадрҳоро ба "ҷанг" омода мекунанд

© Хадамоти матбуотии Горди миллиии ӮзбекистонГорди миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд
Горди миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Обуна шудан
Ҳайати Горди миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии фармондеҳ, генерал-лейтенант Бобоҷон Ҷамолзода барои нахустин бор ба ҷумҳурии ҳамсоя сафари расмӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Гордҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон қасд доранд, дар заминаи омодасозии кадрҳо ҳамкорӣ кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Горди миллии Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, ҳайати Горди миллии Тоҷикистон таҳти сарварии фармондеҳи он, генерал-лейтенант Бобоҷон Ҷамолзода барои нахустин бор ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом додааст.
Национальная гвардия Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2020
Фармони Президент: тарбиятгари сиёсии низомиёни Горди Миллӣ иваз шуд
Фармондеҳи Горди миллии Ӯзбекистон, генерал-майор Рустам Ҷӯраев, инчунин муовини фармондеҳ, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони бригадаҳо, роҳбарони Донишгоҳи амнияти ҷамъиятӣ ва Маркази махсуси таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин дидор ширкат намудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Таъсиси низоми падофанди ҳавоии Тоҷикистону Русия: Путин киро муваззаф кард?
Дар поёни мулоқот нақшаи дуҷонибаи ҳамкориҳои амалӣ барои соли 2022 ба имзо расид.
Мувофиқи ин ҳуҷҷат, баргузории чорабиниҳои муштарак дар масъалаи омодасозии кадрҳо, боло бурдани омодагии ҷангӣ ва ҷисмонии онҳо дар назар аст.
Ҳамчунин мубодилаи таҷриба дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0