Агентӣ гуфт, рӯзҳои истироҳатӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна ҳаво интизор аст

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкПервые осенние заморозки на деревьях
Первые осенние заморозки на деревьях - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Обуна шудан
Дар Хоруғ рӯзҳои истироҳат борону барф, дар Суғд шамол, аммо дар пойтахти Тоҷикистон сокинон рӯзҳои гарму хушк хоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Рӯзҳои истироҳатии охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон нисбатан ором мегузарад, танҳо дар баъзе минтақаҳо каме бориш мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Рӯзҳои оянда дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок мешавад, вале боришоти назаррас пешбинӣ нашудааст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони навоҳии тобеи марказро шанбеи офтобӣ интизор аст. Дар ин минтақа то +13 дараҷа гарм ва шабона аз 3 то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар баробари ин, агар дар водиҳо асосан бебориш бошад, аммо дар баъзе навоҳии кӯҳии тебеи марказ боридани борону барфро истисно намекунанд. Ҳаво шабона то 5 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани барфу борон дар назар аст. Рӯзҳои 27 ва 28 ноябр дар Хоруғ рӯзона аз 2 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук ва шабона ҳарорат то 4 дараҷа поин мешавад.
Дар шарқи ВВМКБ ҳаво хунуктар мешавад. Шабона то 17 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 25 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 ва дар баъзе ҷойҳо то 10 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд шамол бо шадид то 19 метр дар як сония мевазад. Пас аз борони кӯтоҳи рӯзи ҷумъа, рӯзҳои истироҳат хушк, абрнок, вале бебориш мешавад. Дар Хуҷанд рӯзона 11-12 дараҷа, шабона аз 0 то 5 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар кӯҳҳо шабона то 2 дараҷа сард ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҷануби Тоҷикистон бошад, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Агар рӯзи шанбе, 27 ноябр, ҳаво офтобӣ ва то 11 гарм шавад, пас рӯзи якшанбе каме борон меборад, аммо ҳарорати рӯзона бетағйир мемонад.
Дар Кӯлоб ва вилоят шабона 4-9 дараҷа, вале дар доманакӯҳҳо 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 8 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0