Дар Тоҷикистон маоши баландтаринро кормандони бонк мегиранд: пасттаринро кӣ?

© Sputnik / Амир ИсаевПродавец в магазине считает сдачу
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон соҳаҳои шуғли аҳолиеро, ки бештарин ва камтарин маош дар кишварро мегиранд, муайян кардааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама камтаринро кормандони кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мегиранд, хабар медиҳад Агентии омор.
Бино ба иттилои ин ниҳод, маош дар ин соҳаҳо ҳудуди 669 сомонӣ (59 доллар) аст.
Дар ҳамин ҳол маоши баландтарин аз кормандони молия (бонк) ва суғурта будааст, ки ҳудуди 4 ҳазору 644 сомонӣ(411доллар)-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин маоши кормандони бахши истихроҷи маодин 2,9, сохтмон 2,5 ва бахши обу барқ 2,8 ҳазор сомонӣ гузориш шудааст.
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Қарзи маош дар Суғд 19 миллион сомонӣ боқӣ мондаст: Кӣ ҳаққи кормандонро намедиҳад?
Ба таъкиди ин ниҳод, маоши миёна дар моҳи сентябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 541 сомонӣ будааст.
Ёдрас мешавем, маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомонӣ (35 доллар) аст.
Ахиран дар ҳошияи ҷаласаи парлумонӣ зимни қабули тарҳи буҷаи кишвар барои соли 2022 вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, барои баланд бардоштани ҳадди ақали музди меҳнат ва маош кор карда истодаанд.
Номбурда гуфт, дар сурати иқдомоти зарурӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар имкон дорад, ки барои соли 2022 маблағҳои заруриро аз буҷа ҷудо кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала