Кӯдакони боистеъдоди кишварҳои ИДМ ба Душанбе меоянд

© Sputnik / Стас ЭтвешФестиваль "Хушхоли-2019" в Москве в честь 83-летия Его Высочества Ага-хана 4-го
Фестиваль Хушхоли-2019 в Москве в честь 83-летия Его Высочества Ага-хана 4-го - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Моҳи декабр дар пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи эҷодиёти кӯдакону наврасон "Шукуфаҳои пойтахт" баргузор мешавад, ки дар он кӯдакони боистеъдоди кишварҳои ИДМ гирди ҳам меоянд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ.
Ҷашнвораи "Шукуфаҳои пойтахт" аз 6 то 10 декабр дар чорчӯби эълон шудани Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ - 2021 баргузор мешавад.
Қарори дахлдорро раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ аллакай имзо кардааст.
Гуфта мешавад, барномаи мазкур барои кӯдакону наврасон дар ҷараёни ҷашнвораи байналмилалӣ низ тасдиқ шудааст.
Таджикские красавицы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Кӯдакон ва наврасони кишварҳои ИДМ меҳмони Душанбе мешаванд
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки аз буҷа 200 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 18 ҳазор доллар) ҷудо кунад.
Мақомоти шаҳр қайд мекунанд, ки ҷашнвора равобити дӯстонаи кӯдакону наврасони лаёқатманди кишварҳои ИДМ-ро таҳким мебахшад.
Чунин рӯйдодҳо имкон медиҳанд, ки таърих, фарҳанг, адабиёт ва санъати давлатҳои ҳамсоя хубтар омӯхта шавад ва ба рушди эҷодиёти мусиқию бадеии насли наврас мусоидат кунад.
Ба тамоми бахшҳои мақомоти пойтахт супориш шуда, ки омодагии дурусти ин чорабинии байналмилалиро дар сатҳи зарурӣ таъмин намуда, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози асосии он гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар пойтахт Ҷашнвораи байналмилалии дӯстии кӯдакону наврасони кишварҳои ИДМ таҳти унвони "Дар меҳмонии Душанбе" баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала