Наҷотдиҳандаи "фавтида" аз кони маъдан зинда баромад: фоҷеа дар Кемерово

© Константин Михальчевский / Гузаштан ба хазинаи аксШахта, архивное фото
Шахта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Мард як шабонарӯз дар кони маъдан монда буд, ҳоло ӯ дар ҳолати шок қарор дорад
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Яке аз наҷотдиҳандагон, ки эҳтимол мерафт, дар кони "Листвяжная" дар Кузбасс ҷон дод бошад, зинда ёфт шуд, гуфт иҷрокунандаи вазифаи вазири ҳолатҳои изтирории Русия Александр Чуприян.
Чуприян қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир дар маъдан се шуъбаи наҷотдиҳӣ кор мекунанд, ки аз 17 нафар иборатанд.

"Хабар аст, ки ҳамин афрод як нафарро зинда пайдо кардаанд", - гуфт Чуприян.

Тибқи иттилои ситод, ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад.
Наҷотдиҳанда, ки беш аз як рӯз зери харобаҳо буд, худаш ба назди наҷотдиҳандагон баромадааст. Ӯ дар ҳолати шок аст ва феълан дар беморхона қарор дорад.
Гуфта мешавад, ки марди наҷотёфта Александр Заковряшини 51-сола, ёвари фармондеҳи взводи наҷотдиҳӣ аст.
Уголь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Хонаводаи ангишткани заҳролудшуда дар Шӯроб ҳармоҳа ҷубронпулӣ мегирад
Субҳи 26-уми ноябр мақомот бо Заковряшин видоъ кард ва ӯро пас аз "марг" бо ордени "Барои шуҷоат" қадрдонӣ намуд.
Қаблан наҷотдиҳандагон ҷасади 6 кас - се конкан (шахси ду нафари онҳо маълум шуд) ва се наҷотдиҳанда, ки то ҳол ному насаби онҳо маълум нест, бароварданд.
Ёдовар мешавем, ки 25 ноябр дар кони "Листвяжная"-и вилояти Кемерово аз қаъри замин дуд баромад, он замон 285 нафар дар дохили он буд. Сабаби ҳолати фавқулодда, тибқи маълумоти пешакӣ, таркиши метан будааст.
Аксари коргарон ба зудӣ интиқол дода шуданд, наҷотдиҳандагон барои баровардани дигар кормандон рафтанд, вале пас аз чанде онҳо ба далели хатари таркиш бозхонда шуданд. Дар натиҷаи ин фоҷеа дар кони маъдани Кузбасс 52 кас ҷон бохт.
Дар байни онҳо 46 нафар конкан ва 6 нафар наҷотдиҳанда аст. Феълан 49 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ аст.
Дар вилояти Кемерово аз 26 то 28 ноябр мотам эълон шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала