Паёми таслияти Раҳмон ба Путин дар пайи фавти одамон

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Владимир Путин аз фавти одамон дар Русия изҳори таслият кардааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Владимир Путин аз ҳалокати шумори зиёди одамон бар асари таркиши гази метан дар шахтаи "Листвяжная"-и вилояти Кемерево изҳори таслият кардааст.

"Аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, изҳори хоҳиш менамоям, то аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони қурбониён таъзияи самимӣ ва ҳамдардии моро расонед", - омадааст дар барқияи Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамаи осебдидагон бар асари ин фалокат шифои оҷил хостааст.
Шахта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Наҷотдиҳандаи "фавтида" аз кони маъдан зинда баромад: фоҷеа дар Кемерово
Таркиши газ дар кони "Листвяжная"-и вилояти Кемерово субҳи 25 ноябр рух додааст. Ба иттилои нашршуда, аксари коргарон фавран тахлия шудаанду наҷотдиҳандагон барои баровардани дигар кормандон рафтанд, вале ба далели хатари таркиш бозхонда шуданд. Таъкид мешавад, ки дар натиҷаи ин фоҷеа дар кони маъдан ҳудуди 52 кас ҷон бохт.
Дар байни ҳалокшудаҳо, аз ҷумла 46 конкан ва 6 наҷотдиҳанда мебошад. Феълан 49 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ аст. Дар вилояти Кемерово аз 26 то 28 ноябр мотам эълон шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала