Раҷабов дар бораи шикасташ дар финали PFL ва гузаштан ба UFC

© UFC BetЛоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL
Лоик Раджабов - боец смешанных единоборств, лига PFL - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Лоиқ Раҷабов, размкори шинохтаи тоҷик дар бораи шикасташ дар даври ниҳоии лигаи PFL барои як миллион доллар, вазъи саломатӣ ва нияти пайвастанаш ба UFC шарҳеро ироа кард
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Раҷабов шикасташ дар финали PFL-ро ба вазъи саломатияш рабт дод, ки қабл аз ин мусобиқа гирифтори зуком шуда буд. Размкори тоҷик дар суҳбат бо саҳифаи "Вестник ММА" дар "YouTube" изҳор дошт, ки 14 рӯз қабл аз ин мусобиқа бо зуком бистарӣ буду машқ намекард.
Ӯ гуфт, дар пайи зукому поин бурдани вазн дар арафаи мусобиқа хеле нерӯро аз даст дод ва дар майдон баъди ду бори ба замин хобондонаш қуввааш тамом шуд.
Лоиқов таъкид кард, ки ин худсафедкунӣ ва баҳонапешоварӣ пас аз шикаст нест, аммо ошкоро дар бораи вазъ бояд суҳбат кард.

"Бадан заифӣ буд. Дар оғози даври чорум ҳарифро ба замин хобондам, аммо нерӯе барои нигоҳ доштанаш набуд. То охири давр дигар ӯ маро латукӯб кард. Ман танҳо бо иродаам истодаму ба умеде, ки каме нерӯ барқарор гардад", - афзуд варзишкор.

Ӯ гуфт, дар ин намуди мусобиқа ҳич имкони таъхир нест ва агар ба далели саломатӣ вориди майдон нашавад, аз рақобат мемонад.
Дар мавриди созишномаи эҳтимолӣ бо UFC Раҷабов изҳор дошт, ки феълан озод аст.
Рақобати Лоиқ Раҷабов ва Илҳом Алиев дар ИМА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Пирӯзӣ дар 27 сония: Зарбаҳои барқвори Лоиқ Раҷабов Аҳмад Алиевро аз пой афтонд
"Ба фикрам, дигар дар PFL сабқат намекунам. Ҷадвали онҳо бо рақобатҳои зуд-зуд барои бадан таъсири манфӣ дорад", - изҳор дошт варзишкор.
Вай таъкид намуд, ки UFC низ ба ӯ таваҷҷуҳ кардааст ва агар созмонҳои дигари размҳои омехта низ созишномаи хуб пешниҳод намоянд, ба онҳо пайваст хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Лоиқ Раҷабов дар вазни сабук дар мусобиқаи PFL аз размкори бразилиягӣ Раусу Манфио шикаст хӯрд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала