Чӣ гуна дар ноҳияи Рӯдакӣ мардум аз коронавирус эмин мешаванд - видео

Маълум шуд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ чанд нафар ваксинаи зидди бемории коронавирус гирифтааст
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ноҳияи Рӯдакӣ аз моҳи апрели соли ҷорӣ то кунун - 90 ҳазору 168 нафар ваксина гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ваксинзанӣ дар маҳалҳои алоҳидаи ноҳия бо ҷалби гурӯҳҳои вижаи корӣ роҳандозӣ шудааст.
Чӣ гуна шаҳри Ваҳдат аз COVID - 19 эмин мешавад - навори ваксинзанӣ
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ваксинзанӣ ягона роҳи муассири мубориза бар зидди коронавирус мебошад.
Чанд нафар аз аҳолии Тоҷикистон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд? Омори вазорат
Дар ин росто ин ниҳод аз мардум даъват мекунад, ки ба марказҳои саломатии маҳалли худ муроҷиат намуда, худро аз ин вабои аср эмин кунанд.
Ёдовар мешавем, ваксинзанӣ дар Тоҷикистон аз моҳи март оғоз шуд ва он барои аҳолии аз 18-сола боло ҳатмӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала