Шарҳи КДАМ ва вазъи феълӣ дар Хоруғ: Аз кушташудаҳо то маҷрӯҳон - видео

CC BY-SA 3.0 / wikipedia / Zack Knowles / Город Хорог, архивное фото
Город Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
КДАМ Тоҷикистон аз ҷароҳати панҷ корманди давлатӣ дар ҳаводиси охири Хоруғ хабар дод. Сокинони маҳаллӣ аз кушта шудани се ҷавон бо зикри ному насаб ва синну соли онҳо мегӯянд
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳаводиси рӯзи 25-уми ноябр дар Хоруғ панҷ корманди давлатӣ маҷруҳ шудааст.
Ба гузориши КДАМ, ки аз тариқи телевизиони "Бадахшон" пахш шуд, дар ин қазия се ходими КДАМ, як корманди мақомоти умури дохилӣ ва як корманди додситонӣ маҷрӯҳ гардида, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Дар мавриди кушташудаҳо аз миёни сокинони мулкӣ то ҳол мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон хабар надодаанд.
Аммо манобеи дигар ва сокинон мегӯянд, то 26 ноябр дар ҳаводиси ахир се ҷавон, аз ҷумла Гулбиддин Зиёбекови 29-сола, Тӯтишо Амиршоеви 21-сола ва Гулназар Муродбеков ба ҳалокат расида, бархе ҷавонони дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Дар ҳоле ки бар асоси гузоришҳои дарёфтшуда, гирдаҳамоӣ барои талаби таҳқиқи мунсифонаи ҳаводиси охир дар Хоруғ идома дорад, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз тариқи телевизиони "Бадахшон" сокинонро ба оромӣ даъват ва таъкид намудааст, ки амниятро таъмин хоҳад кард.
Феълан тамоси телефонӣ ва интернетӣ бо ВМКБ масдуд мебошад. Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон шоми 25-уми ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав гирдиҳамоӣ ташкил карда, барқарорсозии тамос ва таҳқиқи мунсифонаи ҳаводиси охирро аз мақомоти тоҷик талаб намуданд.
Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.
Мигранты у посольства Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Пас аз қазияи Хоруғ: зодагони ВМКБ дар Маскав ҷамъ шуданд - акс
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ. 3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ. 3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.
Тибқи иттилои расмӣ, номбурда ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ барои боздошт бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи "Макаров" оташ кушодааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала