Сомонӣ тақвият меёбад: БМ гуфт, арзиши рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон чанд аст

Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон пас аз гарониҳои охири моҳи гузашта тайи чанд ҳафтаи ахир дар ҳоли шино қарор дорад
ДУШАНБЕ, 26 ноя - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои БМТ, арзиши як рубли русӣ ҳоло 0.1507 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, 25 ноябр дар кишвар бар ивази 1000 рубл 0.1512 ва дар овохири моҳи октябр 161 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, боз каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.6774 сомонӣ қимат дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Асъори амрикоӣ дар нишондоди нави БМТ каме поин рафтааст. Як доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2939 сомонӣ арзиш дорад. Ин нишондиҳанда ду рӯз пеш 11.2999 буд.
Доллары в миниатюрной тележке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Тоҷикистон соли 2022-ро чӣ гуна пешвоз мегирад: гузориши иқтисодии БАОР
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2939 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.6774 то 12.8300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1507 то 0.1520 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала