Дар Тоҷикистон намояндагии бузургтарин ширкати аудитории ҷаҳон барҳам дода шуд

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Обуна шудан
Ширкати байналмилалии аудитории "Deloitte & Touche", ки яке аз чаҳор аудитори бузурги ҷаҳон аст, дигар дар Тоҷикистон кор намекунад
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон намояндагии як ширкати бузурги аудитории фаъолияташро қатъ кард
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи шикати "Deloitte & Touche"-ро, ки аз бузургтарин ширктаи аудиоторӣ дар ҷаҳон аст, бозхонд кард.
Қарори раёсати БМТ дар ин бора аз 25 ноябри соли 2021, таҳти №182 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” содир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бозхонди иҷозатнома бо дархости худи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Deloitte & Touche" сурат гирифтааст.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Бонки миллӣ иҷозатномаи "Кафолатбонк"-ро бозхонд кард
Тибқи қарори зикршуда, иҷозатномаи ширкати "Deloitte & Touche", ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ аз 26 декабри соли 2018, таҳти №174 дода шудааст, бозхонд карда шуд.
Ҳамзамон БМТ департаменти назорати бонкиро уҳдадор кард, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Ёдовар мешавем, "Deloitte & Touche" яке аз чаҳор ширкати бузургтарини аудиторӣ дар ҷаҳон буда, намояндагиҳои ширкат дар 150 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 9 кишвари ИДМ, инчунин дар Гурҷистон ва Украина фаъолият менамоянд.
Ширкат дар соҳаи аудит, андозбандӣ, консалтинг ва молияи корпоративӣ хидмат мерасонад.
Ҳамакнун бо рафтани "Deloitte & Touche" дар Тоҷикистон 10 ширкати дигари аудитӣ фаъолият мекунад
Лентаи хабарҳо
0