Дар Тоҷикистон сохтмони манзил афзоиш ёфт: харидорон мегӯянд, нархаш ҳам боло рафт

© PixabayКлючи от квартиры
Ключи от квартиры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Дар Тоҷикистон афзоиши сохтмон дар бахши манзил аз нав cap шуд, аммо сокинон мегӯянд, қиматаш низ афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон зиёда аз як миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд.
Дар кишвар афзоиши дигарбораи сохтмони биноҳои истиқоматӣ пас аз даврони пандемия сабт шудааст. Афзудани сохтмон, алахусус дар бахши хусусӣ, ки асосан хонаҳои истиқоматии 1 ва 2-ошёнаро шомил мешавад, ба назар мерасад.
Бино ба маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар, дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ биноҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 1 миллиону 250 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шудаанд.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 11 дарсад бештар будааст.
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Афзоиши сохтмони биноҳои бисёрошёна дар Суғд: Дастури Аҳмадзода барои ислоҳи камбудӣ
Ин ниҳод гуфтааст, айни замон биноҳои баландошёна асосан дар шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо сохта мешаванд, ки дар онҳо системаи канализатсия мавҷуд аст.
Манбаъ мегӯяд, танҳо дар Душанбе дар ин давра 209,3 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.
Қаблан гуфта мешуд, дар Тоҷикистон дар авоили соли 2021 теъдоди манзилҳои нав, ки мавриди истифода қарор гирифтаанд, кам шудааст. Лоиҳаҳои сохтмонӣ бинобар пандемияи корона қатъ карда шуда буданд.
Бино ба гуфтаи сокинон, афзоиши бунёди манзил ба поён рафтани нархи он таъсир накардааст, баръакс гарон шудааст.
Аминҷони Фатҳуллоҳ, як муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав кор мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қимати хонаҳо замони пандемия дар Душанбе поин рафта буд, аммо ҳоло гаронтар шудааст.

"Дар давраи пандемия бинобар ҳароси мардум ва гаронии нархҳои маводи ғизоӣ нархи манзил баръакс каме коҳиш ёфт, аммо ҳоло гарон шудааст. Он замон хостам хона харидорӣ кунам, аммо он рӯзҳо, ки ҳама ҷо беморӣ буд, аз ояндаи норӯшан дар ҳарос будам ва ҳоло маҷбурам, гарон ҳам бошад, бихарам", - гуфт ӯ.

Номбурда гуфт, афзоиши сохтмони манозил ва болоравии нарх нишонаи беҳбуди вазъи иқтисодии мардум ва талабот ба ин бахш аст.
Агар талабот набошад, на сохтмон зиёд мешавад ва на нарх боло меравад, афзуд Фатҳуллоҳ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала