Дар Дарвоз наҷотдиҳандагони КҲФ амалиёти таркиш анҷом доданд: сабаб

© КЧС РТЛиквидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвози ВМКБ дар тӯли 10 рӯз корҳои муҳандисию таркишӣ анҷом дода шуданд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари резиши сангро бартараф кардаанд.
Тавре дар хабари раёсат гуфта мешавад, ин кор дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ анҷом шудааст.
Ҳамин тариқ, дар давоми 10 рӯз дар деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб корҳои муҳандисию таркишӣ анҷом дода шудаанд.
Хавфи афтидани сангҳо дар шакли ҷинсҳои қӯҳӣ дар майдони 950 метри мураббаъ бартараф карда шудааст.

"Наҷотдиҳандагони шуъбаи муҳандисии Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ ва наҷоти КҲФ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Вазорати дифоъ ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ ва ронандагон дар ҳудуди деҳаи Умарак тадбирҳо андешиданд", - омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Ин ниҳод ҳамчунин ҳушдор додааст, ки зери таъсири борон ва сел нишебиҳо метавонанд тадриҷан хароб шаванд. Ин хатари резиши сангро ба вуҷуд меорад, ки ба молу ҷони мардум таҳдид мекунад.
Село Навобод, пострадавшее от стихии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Миллионҳо: хисороти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ маълум шуд
Гуфта мешавад, дар солҳои охир КҲФ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои зирабти кишвар дар таҳияи низоми огоҳсозии саривақтӣ аз офатҳои табиӣ, инчунин дар робита ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ қисман ба пешравиҳо ноил гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала