Илолов аз ҳукумат хост, қазияи Хоруғ бидуни зӯрӣ дар ҳамкорӣ бо мардум ҳал шавад - видео

© © Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксПамятник Исмаилу Самани в городе Хорог.
Памятник Исмаилу Самани в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Маҳмадшо Илолов, собиқ президенти Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз қазияи ахири Хоруғ, ки куштаю маҷруҳ бар ҷой гузоштааст, изҳори изтироб кард
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Илолов аз ҳукуматдорон дар ВМКБ ва сокинони маҳаллӣ хост, ки қазияро дар доираи қонун якҷоя ҳал намоянд.

"Ҳукуматдорону сохторҳои қудратӣ дар маҳал бояд дар якҷоягӣ бо мардум қазияро бинанд, ҳалли масъаларо ёбанд. Ҳич гоҳ ягон масъала бо зӯрӣ ҳал нашудааст", - таъкид намуд президенти собиқи академия.

Ӯ бо ишора бо вазъ дар кишварҳои ҳамсоя бахусус муттаҳидию иттифоқи дохилиро муҳим хонд.
Инчунин зикр намуд, ки барои рушди иқтисоду иҷтимоъ зарур аст, ки оромию осоиштагӣ таъмин бошад.
Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.
Город Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Шарҳи КДАМ ва вазъи феълӣ дар Хоруғ: Аз кушташудаҳо то маҷрӯҳон - видео
Дар маҷмуъ сокинони маҳаллӣ то ҳол аз марги се ҷавон дар қазияи ахири Хоруғ хабар доданд, ки ҷасадҳои ду нафарашон давоми ду рӯз дар майдони пеши ҳукумати ВМКБ қарор доштанд. Интизор меравад, ки ҷасадҳо рӯзи 27 ноябр ба хок супурда шаванд. Мақомоти кишвар расман то ҳол дар бораи марги ягон нафаре хабар надодаанд. Алоқаи мобилию интернетӣ низ бо вилоят масдуд шудааст.
Феълан гурӯҳе аз сокинони ВМКБ дар майдони пеши бинои ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқи мунсифонаи марги ҷавонони кушташуда ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала