Ҷабҳаи муқовимат: Субҳи зафар наздик аст

© AFP 2021 / Ahmad Sahel ArmanАфганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Аҳмадӣ мақсади асосии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро гуфт
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимат истодагарии мусалмонони мазлум ба муқобили хариҷиёни замони мост, гуфт сухангӯи ҷабҳа Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳое, ки толибон бар сари аҳолии Панҷшер ва Андароб ҷорӣ кардаанд, аз тарси онҳо аз мардуми худ баён мекунад.

"Ҷабҳаи муқовимат посбони арзишҳои исломӣ, баробарӣ, озодии баён, адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон аст. Субҳи зафар наздик аст", — ваъда медиҳад Аҳмадӣ.

Ин дар ҳолест, Вазорати дифои ин кишвар дастур додааст, ки вуруди афроди ғайримасъулро ба Панҷшер манъ кунанд.
Панджшерское ущелье в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Толибон вуруди афроди ғайримасъулро ба Панҷшер манъ карданд
Кобинаи толибон ҳамчунин вазорату идораҳоро муваззаф кардааст, ки дафтарҳои худро дар Панҷшер дубора фаъол ва афроди мариди "эътимод"-ро дар вазифаҳои холӣ таъйин намоянд.
Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар, рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо Панҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангаду талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳи калидии толибонро нобуд кард
Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи толибон дар солҳои 1996-2001 аст. Ӯ амалан Ҷабҳаи муқовимати миллии дувумро пас аз суқути Кобул дар 15 августи соли равон эълон кард ва раҳбарии онро ба зимма дорад.
Нерӯҳои ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо толибҳо дар ҳоли ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯйи толибон ишғол нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала