Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Ишқобод ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пешвоз гирифт
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Бердимуҳаммадов дар ҳошияи 15-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои Душанбе ва Ишқобод, ҳамчунин масоили минтақаю ҷаҳонро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳо хидмат хоҳанд кард.
Рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту интиқоли бор ва мусофирбарӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон аз мавзуъҳои калидии мулоқот будаанд.
Завершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ вазирон озими Ишқобод шуд
Зикр шудааст, ки фаъолияти босамари Комиссияи байниҳукматии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба татбиқи амалии ҳадафҳо мусоидати созанда дошта бошад.
Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ рӯзи 28-уми ноябр бо иштироки роҳбарони давлатҳои узв дар назар аст.
Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ – СҲИ, ки феълан намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ дар мақоми дабири кулли он фаъолият дорад, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Соли 1992 ҳафт кишвар, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон узви СҲИ шудаанд. 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида Рӯзи СҲИ эълон гардид.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, кишварҳои узви СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд, ки барои амалисозии он ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала