Марз тақсим мешавад: мулоқоти Путин бо Алиев ва Пашинян бо чӣ анҷом ёфт - видео

Обуна шудан
Пас аз ин музокирот Озарбойҷон ва Арманистон омодагии худро барои шурӯи аломатгузории марз изҳор карданд
Президенти Русия Владимир Путин бо Илҳом Алиев - раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқот кард. Музокирот дар Сочи баргузор шуд.
Қабл аз нишасти сеҷониба сарвари давлат бо Алиев шахсан суҳбат кард. Дар суханронии ифтитоҳӣ Путин аз яке аз вазифаҳои асосии музокирот – ҳалли ихтилофоти навбатӣ дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон ёдовар шуд.
Президенти Русия дар бораи натиҷаҳои мусбате, ки аз соли гузашта дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба даст омад, сухан ронд. Пас аз задухӯрди мусаллаҳона гурезагон ба он ҷо баргаштанд, бо шарофати нерӯҳои посдори сулҳи Русия зерсохтҳо барқарор ва дигар шароити зиндагӣ беҳтар гардид.
Дар солгарди оташбаси Қарабоғ Путин бо Пашинян ва Алиев мулоқот мекунад
Риояи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда аз ҷониби кормандони Маркази назорати оташбаси Русияву Туркия назорат мешавад.
“Ҳадаф аз талошҳои мо фароҳам овардани шароит барои эҳёи минтақа аст, то мардум дар он ҷо худро бехатар эҳсос кунанд ва ба таври муқаррарӣ ба фаъолияти рӯзмарра машғул шаванд, иқтисодро инкишоф диҳанд. Ин бояд ба сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҳар ду кишвар таъсири мусбат расонад", - таъкид кард Путин.
Пас аз ин дидор Пашинян қайд кард, ки Ереван ва Боку дар мавриди ба эътидол овардани вазъ дар марз ба қарорҳои мушаххас расиданд. Ба гуфти ӯ, Арманистон омодааст, дар манотиқи марзӣ ба таъйини аломатгузорӣ шуруъ кунад.
Дар навбати худ Алиев аз тарҳи таъйини марзи миёни ду кишвар хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0