Эълони теъдоди макотибу бемористонҳои бунёдшуда дар Тоҷикистон тайи як сол

Школьные парты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Аз аввали сол дар Тоҷикистон ҳудуди 80 мактабу муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 80 муассисаи таълимӣ ва муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд, хабар дод ожонси хабарии "Авесто".
Ба иттилои ниҳодҳои дахлдор, аз январ то октябр дар қаламрави кишвар 20 бинои мактаби миёна барои беш аз 16 ҳазор талаба ифтитоҳ шуд.
Ин рақам тамоми мактабҳои бунёдшуда дар Хатлон, Суғд, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказро фаро мегирад.
Мулоқоти Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо мақомдорони Бонки ҷаҳонӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Вазир аз Бонки Ҷаҳонӣ дар мактабсозӣ кумак хост: ҳар сол 250 ҳазор талабаи нав
Инчунин муассисаҳои томактабӣ низ барои беш аз 1,5 ҳазор нафар афзоиш ёфтаанд. Ҳамагӣ дар як сол 9 кӯдакистон бунёд шудааст.
Дар мавриди муассисаҳои тиббӣ зикр шудааст, ки дар Суғду Хатлон имсол 54 нуқтаи тиббӣ фаъол гашт. Онҳо барои беш аз 500 нафар дар як баст хидмат мерасонанд.
Бар асоси омор, барои корҳои сохтмонии ин муассисаҳои таълимӣ ҳудуди 6 миллиард сомонӣ (531,6 миллион доллар) сарф шудааст.
Ин ҳудуди 1,5 миллиард сомонӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала