Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Тоҷикон барои кор ба куҷо мераванд: Посухи Вазорати меҳнат

© Министерство занятости и трудовых отношений УзбекистанаТрудовые мигранты возвращаются домой
Трудовые мигранты возвращаются домой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Вазорати меҳнат аз афзоиши шумори муҳоҷирони корӣ хабар дод. Тоҷикон бештар куҷо мераванд?
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Аз аввали соли 2021 беш аз 330 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷа рафтаанд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ.
Ҳамин тариқ ин рақам нисбат ба соли 2020 - 2,8 баробар бештар аст.

"Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ, дар 10 моҳи соли 2021 аз Тоҷикистон 331 ҳазору 353 нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки инҳо шаҳрвандоне ҳастанд, ҳангоми рафтан баргаи муҳоҷиратӣ пур мекунанд", - гуфт муовини вазир.

Ба гуфтаи вай, ҳудуди 95 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон барои фаъолият ба Русия мераванд.
Сотрудник коммунальной службы подметает листья на улице в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Собянин ваъда дод, ки теъдоди муҳоҷирони поккорро дар Маскав коҳиш медиҳад
Дар ҳамин ҳол Нодирӣ тавзеҳ дод, ки Тоҷикистон ва Русия ҳангоми ҳисоб кардани шумораи коргарони муҳоҷир аз методологияи гуногун истифода мекунанд, аз ин рӯ маълумот дар бораи теъдоди муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия аз ҳам фарқ мекунад.

"Дар раванди қабули муташаккил аз аввали соли 2021 мо тавассути Агентии шуғли назди Вазорати меҳнат 1330 нафар ва аз тариқи агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ 560 нафарро фиристодем", - афзуд ӯ.

Ба гуфти мусъулин, бештари муҳоҷирон ба таври муташаккил ба вилоятҳои Иркутск, Чита, Новосибирск, Ростови лаби Дон, Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Маскав ва Ленинград мераванд.
Ҳамроқулова дар бораи эҳтимоли бекор мондани муҳоҷирон дар Маскав гуфт
Нодирӣ ёдовар шуд, ки соли 2019 миёни Тоҷикистону Русия созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҷалби ҷамъии шаҳрвандон барои кори муваққатӣ дар Русия имзо шуда буд.
Аммо ба далели пандемия, ин санад то барқарории равобити ҳавоии байни ду кишвар дар соли 2021 мавқуф гузошта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала