Зодрӯзи Дилбар Қосимова ва Умед Бобохонов: рӯйдодҳои муҳим

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 28 ноября
День 28 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Рӯзи бисту ҳаштуми ноябр дар Албания Рӯзи истиқлол, ҳамзамон Рӯзи парчам ва дар Мавритания низ Рӯзи истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯйдодҳои 28 ноябр дар ҷаҳон

Соли 1821 Панама аз Испания истиқлол ба даст овард.
Соли 1950 "План Коломбо" — ташкилоти байналмилалӣ кумакрасон дар рушди иқтисоди кишварҳои Осиё ва Уқёнусия таъсис шуд.
Соли 1994 дар Норвегия дуюмин бор барои ворид шудани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо раъйпурсӣ гузаронида шуд, ки аксари шаҳрвандон узвият дар Иттиҳоди Аврупоро рад карданд.
День 26 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Зодрӯзи Ширинмоҳ Ниҳолова: 26 ноябр дар таърих
Соли 2016 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо қисми зиёди аъзои дастаи футболи бразилии "Шапекоэнсе" ба ҳалокат расид.

Рӯйдодҳои 28 ноябр дар Тоҷикистон

Соли 1947 аввалин шумораи рӯзномаи "Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон" нашр шуд.
Соли 2007 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара" қабул гардид.
Соли 2010 дар ноҳияи Данғара маросими оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтўда-2" баргузор гардид.
Соли 2012 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати 500 мусалмони бонуфузтарини олам, ки Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб медиҳад, ворид шуд.
День 25 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Рӯзи мубориза бо хушунат алайҳи занон: 25 ноябр дар таърих
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди байниҳукуматии Тоҷикистону Германия дар масъалаи ҳамкории иқтисодӣ-техникӣ баргузор гардид.
Соли 2016 дар Венгрия раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт суханронӣ кард.

Ҷашнҳои 28 ноябр

Дар Албания – Рӯзи истиқлол (ҳамчунин чун Рӯзи парчам машҳур аст).
Дар Мавритания –Рӯзи истиқлол.

Рӯзи 28-уми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1936 –Ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон Дилбар Қосимова.
Соли 1962 – рӯзноманигор, дорандаи ҷоизаи ба номи А.Лоҳутӣ, муассиси Медиа-холдинг "Азия-плюс" Умед Бобохонов.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала