Алиев даъвати Раҳмон барои боздид аз Тоҷикистонро пазируфт

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои озарияш Илҳом Алиев густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар ҳошияи нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар Ишқобод баргузор шуда, баробари равобити дуҷониба, инчунин масоили минтақаию ҷаҳонӣ низ аз мавзуъҳои меҳварии он будаанд.
Тибқи итилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳад ва аз сатҳи имрӯзаи муколамаи сиёсӣ қаноатманд мебошад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Баҳси амнияту тиҷорат дар мулоқоти Раҳмон бо Эрдуғон
Роҳбарони Тоҷикистону Озарбойҷон барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд, ҳавасмандӣ ва омодагии худро изҳор карданд.

"Дар ин зимн фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва татбиқи пурсамару саривақтии санадҳои баимзорасидаи ҳамкорӣ зарур шумурда шуд", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин зимни мулоқот пешниҳод гардидааст, ки соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор шавад.
Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Озарбойҷонро даъват кард, ки дар вақти барояш мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд ва Алиев ин даъватро пазируфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала