Даргузаштаи генерал Шералиев: Аз охирин насиҳатҳояш ба кормандони БДА-и Тоҷикистон

Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Генерал Нуралӣ Шералиев, ки солиёни зиёд мақомоти бозрасии автомобилии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард, даргузашт
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Генерали мустаъфӣ Нуралӣ Шералиев дар синни 70-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт, хабар доданд наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Корбарон сабаби маргашро фишорбаландӣ гуфтаанд. Маросими видоъ бо Шералиев дар зодгоҳаш, ноҳияи Ховалинг баргузор гардид.
Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо изҳори таассуфу ҳамдардӣ аз даргузашти Шералиев ӯро шахси хоксору заминӣ тавсиф кардаанд.
Жезл ГИБДД  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Ҷаримаи ду мансабдор дар Панҷакент барои дар ҳолати мастӣ рондани нақлиёт
Шералиев ба ҳайси собиқадори мақомоти умумри дохилӣ, чун сардори пешини РБДА дар маҳфилҳою мулоқотҳои нозирони роҳ иштироку суханрониҳо мекард.
Тавре сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар яке аз ҳамоишҳои охир бо иштироки нозирони БДА генерал Шералиев онҳоро насиҳат кард, ки хушмуомила ва намуна бошанд.

"Шумо нисбат ба дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бештар миёни шаҳрвандон дар робита ҳастед ва дар симои шумо ба кори тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳо медиҳанд", - овардааст ВУД аз қавли Шералиев.

Ӯ таъкид намуда буд, ки кормандони БДА бояд бо рафтор, муоширати хубу риояи талаботи қонунгузорӣ ва этикаи касбӣ ҳамеша намунаи ибрати дигарон бошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала