Комроншоҳ ҳарифашро аз Қирғизистон шикаст доду ба финал баромад

© Таджикская федерация дзюдоКомроншох Устопириён
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии ҷудои "Abu Dhabi Grand Slam 2021" се ҳарифашро шикаст доду ба даври финал баромад
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Абузабӣ, ки мусобиқаи байналмилалии ҷудо ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Комроншоҳи Устопириён пас аз шикаст додани ҳарифони худ ба даври финал баромад.
Ҳарифони паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2021" ҷудокорон аз Британия, Амрико ва Қирғизистон буданд, ки ҳар сеяшонро Комроншоҳ шикаст дод ва ба даври финалӣ роҳ ёфт.
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Сомон аз миёни 281 ҷудокор ҷойи панҷумро аз худ кард
Ҳамин тариқ Устопириён барои ба даст овардани медали тило бо ҳарифи худ аз Русия вориди майдони мубориза мешавад. Сабқати онҳо соати 18:00 ба вақти Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ҳамзамон 28 ноябр ду варзишгари дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов низ дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2021" қувваозмоӣ карданд.
Маҷидов, ки ду ҳарифашро шикаст доду аз намояндаи Ӯзбекистон мағлуб шуд, барои гирифтани медали биринҷӣ бо ҷудокор аз Русия қувва меозмояд. Ҳамчунин Темур Раҳимов низ ду ҳарифашро шикаст доду аз якеи дигар бохт ва ҳоло барои медали биринҷӣ рақобатро идома медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала