Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Олимони исроилӣ роҳи нест кардани коронавирус дар ду сония пайдо карданд

© SamuelFrancisJohnson / PixabayГрафическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Олимон мегӯянд, шаклҳои махсуси радиатсионӣ метавонанд коронавирусро дар ду сония нобуд созанд
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Олимони Донишгоҳи Ариэл дар Исроил дарёфтаанд, ки истифодаи мавҷҳои миллиметрӣ метавонад 99% коронавирус ва фалаҷи атфолро дар ду сония нобуд созанд.
Натиҷаҳои тадқиқот дар маҷаллаи "Environmental Chemistry Letters" нашр шудаанд. Гурӯҳи коршиносон таъсири мавҷҳои радиоиро, ки тӯлашон аз як то даҳ миллиметр аст, омӯхтанд ва муайян карданд, ки радиатсия метавонад дар ду сония микроорганизмҳоро кушад.

"Ин навъи радиатсия дар реҷаи мавҷи миллиметрӣ кор мекунад, яъне тӯли мавҷи онҳо тақрибан се миллиметр аст. Танҳо барои муқоиса: радиатсия аз телефони мобилӣ ҳудуди 30 сантиметр тӯл дорад, дар ҳоле ки радиатсияи микромавҷ тақрибан 12 сантиметр аст", - тавзеҳ додааст профессор Моше Эйнат

Олимон пай бурдаанд, чунин мавҷҳо қобилияти баланд бардоштани ҳароратро доранд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ки зарраҳои вирусиро нест кунанд. Муаллифони тадқиқот шубҳа доранд, ки ин усулро барои мубориза бо сироят дар бадани инсон истифода бурдан мумкин аст, аммо дар айни замон онҳо қайд мекунанд, ки ин ягона роҳи зуд нест кардани коронавирус мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала