Раҳимов дар Абузабӣ барандаи медали биринҷӣ шуд - видео

Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Термур Раҳимов, ҷудокори шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2021" соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Темур Раҳимов барои медали биринҷӣ бо паҳлавони Русия зӯрозмоӣ карда, пирӯз гардид. Бо ҳамин ҷудокорони Тоҷикистон аз "Abu Dhabi Grand Slam 2021" бо се мадал - ду биринҷӣ ва як нуқра бармегарданд.
Пештар дар ин мусобиқа Темур Раҳимов бар ду ҳарифаш пирӯз шуда, аз як нафар шикаст хӯрда буд.
Комроншоҳ Устопириён, ҷудокори дигари шинохтаи Тоҷикистон дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2021" соҳиби медали нуқра гардид.
Ӯ дар даври ниҳоӣ дар вазни то 90 кило аз тарафи ҳарифаш Мансур Лорсанов, намояндаи Русия шикаст хӯрда, аз медали тило маҳрум шуд.
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Ду медали ҷудокорони Тоҷикистон дар "Abu Dhabi Grand Slam 2021"
Қабл аз ин Устопириён ҷудокорон аз Британия, Амрико ва Қирғизистонро шикаст дода буд.
Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар зӯрозмоӣ барои медали биринҷӣ бо паҳлавони қирғиз Эрлан Шеров вориди майдон шуда, пирӯз берун омад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала