Таҳдид ба ихроҷи донишҷӯе, ки бо мошин ба донишгоҳ омад

© SputnikТаджикский национальный университет. Архивное фото
Таджикский национальный университет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Донишҷӯи бахши савуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ихроҷи бидуни барқарорӣ дар давоми се сол аз донишгоҳ таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон барои донишҷӯён омадан бо мошини шахсӣ ба донишгоҳ қатъиян ман аст. Дар бастагӣ ба ин маҳдудият ҳатто фармони вазири маорифи Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст.
Дар ҳамин ҳол Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кормандони ин ниҳод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корҳои пешгирикунанда гузарониданд, ки муайян намудаанд, як донишҷӯ бо мошини шахсӣ дар донишгоҳ ҳозир мешудааст.
Курбонзода Махмадали Рахмат, ректор Таджикского государственного университета коммерции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Иқдоми навбатии Қурбонзода: 292 донишҷӯ аз пардохти пули хобгоҳ озод шуданд
Манбаъ меафзояд, донишҷӯ сокини ноҳияи Ёвон буда, дар бахши сеюми факултаи молиявӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекунад ва ба дарс бо автомашинаи шахсии тамғаи "Тайота королла" меомадааст.
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур кормандони милитсия маводи лозима тартиб дода, ба унвонии роҳбарияти Вазорати маориф ирсол намудаанд.
Гуфта шудааст, дар ҳолати ошкор гардидани чунин ҳолатҳо донишҷӯ ба муҳлати 3 сол бидуни ҳаққи барқарорӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала